Апрел 2014

29 Апрел 2014

Баррасии ҳамкориҳо бо Австралия

29-уми апрели соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Муовини Вазир, Умед Давлатзод бо Сафири фавқулодда ва мухтори Австралия дар Федератсияи Россия, ҷаноби Пол Майлер сурат гирифт. 

Читать далее

17 Апрел 2014

Ҷаласаи васеи ҳайати мушовара дар вазорат

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи васеи Ҳайати мушовара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар семоҳаи аввали соли 2014 ва вазифаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид. 

Читать далее

16 Апрел 2014

Баррасии ҳамкорӣ бо коршиносони БРАО

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини аввали Вазир Неъматҷон Буриев бо ҳайати коршиносони Бонки рушди Авруосиё-мудирияти маблағҳои Хазинаи зиддибуҳронӣ таҳти роҳбарии Алишер Мирзоев баргузор гардид. 

Читать далее

08 Апрел 2014

Таҷлили Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорат

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеъ ширкат варзиданд. 

Читать далее

04 Апрел 2014

Мулоқоти Вазир бо Юрий Морару

Омодагӣ ба ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Швейтсария, ки баргузории он дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст ва гузаронидани бизнес-форум бо иштироки соҳибкорони ҳарду кишвар дар чаҳорчӯби ин чорабинӣ аз мавзуъҳои калидии мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо узви мудирияти Кумитаи иҷроияи Палатаи муштараки савдои Швейтсария-Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҷаноби Юрий Морару маҳсуб ёфтанд, ки нимаи дуюми 3-юми апрели соли ҷорӣ дар Вазорат рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид. 

Читать далее

02 Апрел 2014

Баррасии муносибатҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Чехия

Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар оғози вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Тошканд) ҷаноби Гинэк Пейха, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид, заминаи хуби ҳамкориро байни ду кишвар махсусан қайд намуд.

Читать далее

01 Апрел 2014

Ҳамоиши минтақавӣ оид ба масъалаҳои тағйироти иқлим

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир Шариф Раҳимзода бо ҳайати намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Намояндаи доимии бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Марша Олив баргузор гардид.

Читать далее
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное