Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Баррасии муносибатҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Чехия

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода дар оғози вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Тошканд) ҷаноби Гинэк Пейха, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид, заминаи хуби ҳамкориро байни ду кишвар махсусан қайд намуд.

Тавре дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, гардиши савдои хориҷӣ байни ду кишвар соли гузашта тибқи маълумоти расмии оморӣ 3428,5 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар матоъи пахтагин ва нахи пахта содиршуда, аз Ҷумҳурии Чехия ба Тоҷикистон дастгоҳу таҷҳизоти гуногун ва маҳсулоти пластикӣ ворид гардидааст.

Дар анҷом, мусоҳибон рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро дар соҳаҳои машинасозӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, гидроэнергетика, тандурустӣ, сайёҳӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ ва бонкӣ, бозомӯзии мутахассисон, ташкили намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳо афзалиятнок ҳисобида, омодагии кишварашонро барои вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное