Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025 баргузор гардид

.

  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Супориши Роҳбари дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2024, аз №24/10-333 рӯзи 11 январи соли 2025 бо иштироки муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид маҷлиси ҷамъбастии ноҳияи Панҷ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2024 ва вазифагузориҳо барои соли 2025 баргузор гардид.

Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

  

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ҳамасола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки сардорони воҳидҳои сохторӣ ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ба таври дастаҷамъона тамошо намуданд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

.

  

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.