Иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷаласаи 30-юми Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ

.

  

Рӯзҳои 11-12 июли соли 2024 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо - Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин дар ҷаласаи 30-юми Маркази Созмони Милали Муттаҳид оид ба соддагардонии расмиёти савдо ва тиҷорати электронӣ (UN/CEFACT), ки дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ дар нимсолаи якум ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид

.

  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барқияи ҳукуматӣ аз 2 июли соли 2024, №24/10-51 рӯзи 9 июли соли 2024 таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин маҷлиси ҷамъбастии ноҳияи Панҷ оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нимсолаи якум ва вазифагузориҳо барои нимсолаи дуюми соли 2024 баргузор гардид.

Маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Иқтисодчӣ”

.

  

9 июли соли 2024 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло, мудири Шуъбаи занони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе - Фазилатподшои Маҳмадюсуф, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ - Исмоилзода Нодира ва аъзои ҳизб ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Иқтисодчӣ»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид. Ҷаласаи мазкур мутобиқи қарори маҷлиси Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе доир карда шуд.