Нишасти матбуотӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо

.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП-1729 «Дар бораи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ» нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар соли 2022 баргузор гардид.

Ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд аз иншооти НБО «Роғун» боздид намуд

.

7 феврали соли 2023 ноиби Президенти Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд доктор Мансур Мухтор баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО «Роғун» боздид ба амал овард, ки дар ин сафар ӯро Вазири рушди иқтисод ва савдо/ мудири кишварии Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд (БИР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин ҳамроҳӣ намуд.