
Баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028
12 марти соли 2025 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №92-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Сангвор, Лахш ва Нуробод муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояту ноҳияҳои мазкур дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба «Рӯзи Модар»
7-уми марти соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба ҷашни «Рӯзи Модар» ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ баргузор карда шуд.
Вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо бо ҳайати шаҳри Қошғари Ҷумҳурии Мардумии Чин
7 марти соли 2025 вохӯрии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода Аҳлиддин Нуриддин бо муовини котиби гурӯҳи ҳизбӣ, директори Раёсати саноат ва иттилооти шаҳри Қошғар Чжан Юнсуо баргузор гардид.