
Баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028
17 марти соли 2025 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №92-ф дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Хатлон, инчунин шаҳрҳои Турсунзодаю Ҳисор ва ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мазкур дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид.
Бистумин ҷаласаи Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба соддагардонии савдо – қадами муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рақамикунонии савдо дар минтақа
14 марти соли 2025 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон бистумин ҷаласаи Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба соддагардонии савдо баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо ташаббуси Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) доир шуда, дар он ҳайатҳои расмӣ аз кишварҳои узви СПЕКА, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд. Ҷаласаро муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нуриддинзода Ахлиддин Нуриддин тариқи маҷозӣ раисӣ намуд.
Шарҳу тафсири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
14 марти соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳию машваратӣ дар заминаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2021, №268 «Дар бораи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», дуруст истифода бурдани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои забони тоҷикӣ ҳангоми навишт ва муошират дар вазорат бо иштироки роҳбарият, намояндаи Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи марказии вазорат машварати корӣ баргузор гардид.