
Баррасии ҳамкориҳои самарабахш бо Туркия
Баррасии ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Туркия мавзӯи асосии мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Шариф Раҳимзода бо раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Парлумони Туркия ҷаноби Мустафо Кабакчӣ ва ҳайати ҳамраҳонаш гардид, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гардид.
Густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистону Хуросони Разавӣ
12 ноябри соли 2014 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Шариф Раҳимзода бо Раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Алиризо Рашидиён ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии саноатии ин кишвар ба Душанбе ташриф овардаанд, баргузор гардид.
Вохӯрии Н.Буриев бо ҳайати намояндагони ХБА
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии муовини аввали Вазир Неъматҷон Буриев бо ҳайати намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Ҷонатон Данн баргузор гардид.