Сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ дар Осиёи Марказӣ, дар маркази таваҷҷуҳ –Тоҷикистон

.

«Сармоягузорӣ ва рақобатпазирӣ дар Осиёи Марказӣ, дар маркази таваҷҷуҳ -Тоҷикистон», таҳти ин унвон дар меҳмонхонаи «Sheraton»-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Барномаи «OECD» ва дигар шарикони рушд муаррифии ду роҳнамо оид ба тақвияти рақобатпазирии корхонаҳои хурду миёна ва самаранок истифода намудани интиқоли пулӣ баргузор шуд, ки масъулин ва доираи васеи ташкилотҳои сармоягузориву бонкҳоро ҷамъ овард. 

Семинар бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия

.

18 марти соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо кормандони Дастгоҳи марказии Вазорат бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия семинар баргузор намуданд, ки дар он муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ва муовини сардори сардори Сарраёсат- Сардори Раёсати якуми Сарраёсати пешгирии коррупсияи агентӣ Қ.Сафарзода ва сарнозири Сарраёсати пешгирии коррупсия Ш.Турсунов ширкат варзиданд. 

Баррасии ҳамкориҳо бо Ҳишам Маъруф

.

17 марти соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори минтақавии Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Алмаато оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҷаноби Ҳишам Маъруф доир гардид.