
Вохӯрии Муовини якуми Вазир бо намояндагони БОР
Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Муовини якуми Вазир Саидраҳмон Назриев бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёгии Рушд дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии Рубен Баретто баргузор гашт.
Густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо АМА
Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб аз мавзуъҳои асосии вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев бо ҳайати намояндагони Палатаи савдо ва саноати АМА таҳти роҳбарии Умар Абдулазизхон маҳсуб меёфт, ки рӯзи 12 майи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид.
Нахустин ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ
«Таҳияи лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳти чунин унвон 8 майи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи нахустини Гурӯҳи кории зинаи дуюм бо иштироки муовинони роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи кишвар баргузор гардид.