Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Давҳа

.

Рӯзҳои 8 - 10 октябри соли 2018 дар шаҳри Давҳа аввалин Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти ватанӣ дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, кишоварзӣ, дорӯсозӣ, истеҳсоли маводди рӯзгор, масолеҳи сохтмонӣ, лавозими ороишӣ, инчунин таълими касбӣ ва хидматрасонии сайёҳӣ бо ҳузури 360 ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ аз давлатҳои Қатар, Тоҷикистон, Кувайт, Уммон, Марокаш, Тунис, Алҷазоир, Туркия, Эрон, Покистон, Озарбойҷон ва Урдун баргузор гашт. Дар ин ҳамоиши байналмилалӣ ширкату корхонаҳои Тоҷикистон –ҶДММ “Ноқили Талко”, ҶСП “Оби Зулол”, корхонаи муштараки “Аввалин” ва ҶДММ “Реал” маҳсулоти ватаниро муаррифӣ намуданд.

Мулоқот бо Дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон

.

11 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи мунтахаби наврасони то 16 - солаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадорони Чемпионати Осиё оид ба футболро, ки бо медалҳои нуқра ба Ватан баргаштаанд, бо нишони қадршиносӣ ба ҳузур пазируфтанд.