Вохурии Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Малайзия ҷаноби Ҳенди Ассан

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

20 ноябри соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар оғози вохӯрӣ Сафири навтаъйини Малайзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Тошкент) ҷаноби Ҳенди Ассан барои ташриф ва таъйин шуданаш ба ин мақом муборакбод намуда, изҳори боварӣ намуд, ки аз ин пас робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвар густариши бештар касб хоҳад кард.

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Малайзия, рушди соҳаҳои саноат, ҷалби сармоягузорӣ, рушди сайёҳӣ ва кишоварзиро мубодилаи афкор намуданд.

Дар интиҳо тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное