
Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018
Рӯзи 26 апрел Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи иҷрои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020», Нақшаи кори Шӯрои миллӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019 ва ба муносибати «Рӯзи ихтироъкорону навоварон» ва «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»-26 апрел Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон барои солҳои 2017-2018» -ро баргузор намуд.
Суханронии Вазири рушди иқтисод ва савдо дар конфронси мавзӯӣ таҳти шиори "ҳамгироии сиёсӣ"
Дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии "Як камарбанд, як роҳ" конфронси мавзӯӣ таҳти шиори "Ҳамгироии сиёсӣ" баргузор гардид, ки дар он як қатор намояндагони воломақоми кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла Су Вей - Муовини Котиби генералии Комиссияи миллии рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Нин Ҷизе - Раиси Раёсати Комиссияи миллии рушд ва ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин, Эссам Абделазиз Аҳмад Шараф - Собиқ Сарвазири Миср, Аъзои Шӯрои машварати форуми "Як камарбанд, як роҳ", Ҷон Гордон Уолтер - Президенти Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия, Ли Йонг - Директори генералии рушди саноати Созмони Милали Муттаҳид ва дигарон иштирок намуданд.
Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин
25 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин ташриф оварданд.