Боздиди Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз Кохи Наврӯз

.

Шоми рӯзи 9 март Сарони давлатҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Кохи боҳашамати Наврӯз ташриф оварда, толорҳои барҳавову зебо ва бо санъати асили миллӣ ороёфтаи онро тамошо карданд.

Маҷмааи «Кохи Наврӯз» дар маркази пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ҷойгир буда, соли 2015 бо усули меъмории миллӣ ба истифода дода шуд.

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”

.

Рӯзи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамчунин дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз нахустин ташрифи давлатии меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таҳкиму тавсеа ва таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ намуданд.

Иштироки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон

.

Нимаи дуюми рӯзи 9 марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

Намоишгоҳ баъди буридани лентаи рамзӣ аз ҷониби Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ифтитоҳ гардида, ба фаъолият шуруъ намуд.

Дар намоишгоҳ номгӯи зиёди маҳсулоти беш аз 100 корхонаи ӯзбекистонӣ ба намоиш гузошта шудаанд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное