ЛУХТАКСОЗӢ

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

ЛӮХТАКСОЗӢ – хунари бадеии сохтани лӯхтак аз латтаҳои гуногун, пахта, пашм, чуб ва г. Ин лӯхтакҳоро барои бозии кӯдакон месозанд. Инчунин, аз маводи номбурда лӯхтакҳое сохта мешаванд, ки дар сахнаи театри лӯхтак истифода бурда мешаванд. Барои бозии кӯдакон лӯхтакҳо бояд гуногун бошанд, чунки онҳо дар ҳини бозӣ ба лӯхтакҳо вазифаву нақшҳои мухталифро медиҳанд. Махсусан, духтарчаҳо ба лӯхтакбозӣ ҳаваси беандоза доранд. Онҳоро ба таври ҳақиқӣ дӯст дошта, нигоҳубин менамоянд. Лӯхтакбозӣ дар кӯдак хиссиёти модариро бедор менамояд. Яъне кӯдак нисбати зоча ғамхории модарона зоҳир намуда, рафтор ва муносибатеро, ки модараш нисбати ӯ менамояд, духтарча нисбати зочаааш такрор менамояд. Маводи истифодашаванда: чӯб, тугма, латтапора, пахта ва ресмонҳои рангин.

Лӯхтакҳоро бо ду намуд месозанд: мулоим ва риштапеч. Хар яки он тарзи конкретии тайёр кардани худро дорад.

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное