ГАҲВОРАСОЗӢ

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

ГАҲВОРАСОЗӢ – ҳунари сохтани гаҳвора. Дар он кӯдак аз хафт-дахрузагиаш то 2-3-солагиаш мехобад.

Устоҳои гаҳворасоз мавриди сохтани гаҳвора ҳунари худро бо меҳру муҳаббати беандоза ба кӯдакон изҳор медоранд. Ҳунарманд заҳмат харҷ намуда, кӯшиш мекунад, ки гаҳвора роҳатбахшу мунаққаш бошад ва ба тифл аз оғоз эҳсоси зебоипарастиро тақдим намояд.

Гаҳвораро аз чӯби дарахтони бед, чинор, чормағз, зардолу ва пояашро бештар аз чӯби тут месозанд. Одатан дарозии гаҳвора аз 92 см то 1-1,5 м, бараш 35- 45 см ва баландиаш 50 – 60 см мешавад. Гаҳвора аз даста ва тахтчӯба иборат буда, поёнтари тахтчӯбаро барои тубак (сиба) сӯрох мекунанд. Даста бо тахтчӯба аз ду тараф бо чанбари нимдоира васл мешавад. Барои муҳофизати сар ва пои кӯдак ба дохили чанбар ба тарзи амудӣ чӯбакҳо мегузоранд. Чӯби дастбанд ва побанд дар зери гаҳвора дар байни ду поя ё зерчӯби паҳлӯи гаҳвора гузошта мешавад. Даставу чанбарҳо ва қасабаи гаҳвораро наққошиву кандакорӣ мекунанд ва бо рангҳо ороиш медиҳанд. Барои бозии кӯдак дар ҷо-ҷои даста бозича, ғилдиракчаҳои кунгурадори чӯбӣ ва ҳар гуна марҷону зангӯлачаҳо меовезанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное