Баргузории хониши идоравӣ оид ба масъалаҳои дин ва танзими ҷашну маросим дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо
24 феврали соли 2025 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо ташаббуси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросими вазорат бо иштироки роҳбарияти вазорат, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат хониши идоравӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои дин ва танзими ҷашну маросим дар кишвар баргузор гардид.