Оғози фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028
4 марти соли 2025 дар доираи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2024, №92-ф ва Нақшаи баргузории рӯнамоҳо, ки бо фармоиши Вазорати рушди иқтисод ва савдо аз 22 октябри соли 2024, №58 ба тасвиб расидааст, дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзобод, Варзоб муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мазкур дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид.