Муаррифии дастовардҳои кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд
14 декабри соли 2023 дар доираи ҷаласаи навбатии вазирон, ки дар шаҳри Парижи Фаронса оид ба Ҳафтаи АвруОсиёии Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ ва Рушд (СҲИР) баргузор гардид, Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло иштирок намуда, оид ба дастовардҳои кишвар дар самти содагардонии расмиёти савдо суханронӣ намуд.