Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо дар ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Панҷ иштирок намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин рӯзи 22 марти соли 2024 дар чорабиниҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Панҷ иштирок ва суханронӣ намуд.

Завқизода З. А. дар чорабинӣ сокинони ноҳияро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, қайд кард, ки зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сулҳу суботи комил, рушди устувори иқтисодӣ боз шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла ноҳияи Панҷ давра ба давра ободу зебо гардидааст, ки ба симои наврӯзии ватани азизамон таровати тоза зам мекунад.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Панҷ барои солҳои 2021-2025 146 лоиҳа бо маблағи 317 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар доираи Нақша чорабиниҳои ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия сохтмон ва азнавсозии 232 иншооти соҳаҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Соли гузашта кишоварзони ноҳия 1,6 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуда, дар таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти хӯрока саҳм гузоштаанд.

Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ Завқизода З. А. ва Раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён З. Ф. дар ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла толори варзишӣ дар назди муассисаи таълимии №36 ва 2 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Намуна ва Меҳвар иштирок карданд.

Вазири рушди иқтисод ва савдо ва Раиси ноҳия дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия баргузор гардид, иштирок карда, ба маъюбон, ятимон, камбизоатон, собиқадорони меҳнат, оилаҳои навхонадор ва варзишгарон кӯмакҳои моддӣ, туҳфаҳои хотирмон ва медалу ифтихорномаҳо тақдим намуданд.

  

  

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное