Навиди Вазорат

Суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи шаҳри Панҷакент

.

Ҳамватанони азиз!
Сокинони шарафманди шаҳри бостонии Панҷакент!

Имрӯз ҳамаи мо ба ифтихори таҷлили яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи аҷдодиамон — Наврӯзи байналмилалӣ гирди ҳам омадаем.

Ба ин муносибат кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланду фарҳангпарвари шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғдро самимона табрик мегӯям.

Ҳамчунин, бо ифтихору хушҳолӣ хотирнишон месозам, ки Наврӯзи имсола барои кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ҷашни воқеан таърихӣ мебошад. Зеро тавре ки ҳамаи шумо огоҳед, дар рӯзи фарорасии он аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид ва чорумин ташаббуси Тоҷикистони азизи мо дар давоми даҳ соли оянда дар миқёси олам амалӣ хоҳад шуд.

Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент

.

Шоми рӯзи 28 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозирин ва дар симои онҳо кулли мардуми меҳнатқарини мамлакат ва шаҳри Панҷакентро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрику таҳният гуфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки наврӯзи имсола аз он ҷиҳат барои мардуми шарифи Тоҷикистон хотирмону таърихист, ки маҳз дар рӯзҳои фарорасии наврӯзи ҷаҳонӣ аз тарафи Созмони Миллали Муттаҳид ташаббуси наву ҷаҳонии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” расман оғоз гардид. Ин чорумин иқдоми Тоҷикистон аст, ки давоми даҳ соли оянда бар нафъи аҳли башар татбиқ мегардад.

Боздиди Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” — и Ҷамоати деҳоти “Халифа Ҳасан”-и шаҳри Панҷакент

.

28 март дар шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазъи корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи “Абу Дониёров” ва “Саъдулло Рӯзиев” — и Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар майдони 4 гектар ба кишти картошкаи барвақтӣ дар Хоҷагии деҳконии ба номи “Абу Дониёров” оғоз бахшида, бо фаъолияти гармхонаҳо дар хоҷагии ба номи “Саъдулло Рӯзиев” ва намоиши дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати шаҳри Панҷакент шинос шуданд.

обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное