Навиди Вазорат



Cафари кории Неъматулло Ҳикматуллозода ба ноҳияи Панҷ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рӯзҳои 3-4-уми январи соли 2019 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба ноҳия Панҷи вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом доданд.

Дар ҷараёни сафари корӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Нури Ваҳдат, Сайфудинов Кабут, Меҳвар, Намуна, шаҳраки Панҷ ва қисми низомии 0332-и мавзеи «Ҳалқаёр»-и ноҳияи Панҷ бо иштироки роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти марбута, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сарварони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаҳо, фаъолон ва афсарону аскарон ҷамъомади васеъ гузаронида шуда, оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 26 декабри соли 2018 баён доштанд, суханронӣ карда шуд.

 Зимни суханронӣ доир ба дастовардҳои кишвар дар соли 2018, аз ҷумла ташаббуси 4-уми ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ба кор андохтани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», вусъат ёфтани ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин эълон намудани моратория барои манъ кардани тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолот барои солҳои 2019-2020, “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани ашёи хоми барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ воридшаванда, ба истиснои ашёи хоми дар Тоҷикистон истеҳсолшаванда ва молҳои зераксизӣ, эълон намудани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва дигар самтҳои асосии соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ суханронӣ намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное