Машварат оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Бо мақсади рушди муносибатҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон 15 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе байни намояндагони ду кишвар оид ба масъалаҳои ҳамкории молиявӣ ва техникӣ машварати байниҳукуматӣ доир гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Федеролии Олмонро хонум Катрин Оллерс, сардори шуъбаи «Осиёи Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Лаос ва Камбодҷа»-и Вазорати федеролии ҳамкориии иқтисодӣ ва рушд (BMZ) ва ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин роҳбарӣ намуданд.

Роҳбарони ҳайатҳо бо сухани муқаддимавӣ машваратро ифтитоҳ карда, ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодиро байни Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд. Машварат, ки дар вазъи ҳамдигарфаҳмӣ ва амалӣ доир гардид, бо мақсади баррасии муштараки ҳамкории ҷорӣ ва омодакунии гуфтушунидҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ барои солҳои 2018-2019, ки гузаронидани он дар соли 2018 пешбинӣ мегардад, анҷом дода шуд.

Ҳайатҳои ҳарду кишвар масъалаҳои ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориро муҳокима намуда, изҳор доштанд, ки самти асосии ҳамкории онҳо дар оянда соҳаи «Рушди устувори иқтисодиёт» хоҳад буд. Ҳамзамон, самтҳои асосии тандурустӣ, бахшҳои молия, энергетика, таълимоти касбӣ ва рушди инноватсионӣ минбаъд низ дастгирӣ карда мешаванд.

Дар ҷараёни машварат масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон маблағгузорӣ мешаванд, баррасӣ гардиданд. Инҳо таъмир ва таҷдиди дармонгоҳҳои бемориҳои сил ва сохтмони дармонгоҳи кӯдаконаи бемории сил дар Мачитон, беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ ба занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод, беҳтар намудани ёрии таъҷилии тиббӣ, сохтмони мактабҳои нав дар вилояти Хатлон ва ноҳияи Рашт, ҳамчунин барқарор намудани инфрасохтори коммуналӣ мебошанд. Яке аз натиҷаҳои бомуваффақи машваратҳои гузаронида мувофиқати тарафҳо дар дар самти энергетика, бахусус татбиқи лоиҳаи НБО «Себзор» мебошад.

Ҷониби Олмон ризоят дод, ки имконияти иштирокашро дар татбиқи лоиҳаи мазкур баррасӣ намояд.

Дар охир, аз рӯи натиҷаҳои машварат санади дахлдор ба имзо расид. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное