Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи чоруми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

13 июли соли 2017 дар шаҳри Боку чорумин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид баҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Шоҳин Мустафоев доир гардид, ки дар он намояндагони расмии ду кишвар иштирок доштанд.
Зимни ҷаласа, Ҳамраисон дар бораи рушди иқтисодӣ ва сиёсати пешгирифтаи иқтисодии кишварҳои худ иттилоъ дода, ҳамчунин имкониятҳои мавҷударо, ҷиҳати рушди ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои иқтисод, саноат, нақлиёт, энергетика, телекоммуникатсия ва технологияи олӣ, кишоварзӣ, соҳаи тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг ва туризм, ҳамзамон тақвият бахшидани заминаҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар чаҳорчӯби ҷаласа нишасти корӣ дар мавзӯи «Фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», бо иштироки доираи васеи намояндагони соҳавии ширкатҳои давлатӣ ва хусусӣ баргузор гардид.
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода Стратегияи Миллии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030-ро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, иштирокдорони нишасти мазкурро бо фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои мусоиди соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно намуд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное