Мулоқот бо Сафдар Парвез

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

23 майи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Директори раёсати ҳамкориҳои минтақавӣ ва ҳамоҳангсозии амалиёти департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии Бонки Осиёии Рушд ҷаноби Сафдар Парвез баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мухталифи ҳамкориҳои самарабахш миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд, ҳамчунин, мулоҳизаҳо оид ба татбиқи Стратегияи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ – 2020 ва муайян намудани ҳадафҳо дар таҳияи Стратегияи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ – 2030, баргузории ҷаласаи вазирони давлатҳои аъзои Барномаи ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар анҷоми мулоқоти ҷонибҳо ҷиҳати минбаъд густариш додани ҳамкориҳои дуҷониба миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Бонки Осиёии Рушд омодагии худро баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное