Навиди Вазорат



Мулоқот бо хонум Туула Юреля

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо Роҳбари Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, хонум Туула Юреля.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин, ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати кишвар, аз қабили таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои сифатнок, инчунин вусъат додани шуғли пурмаҳсул мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар интиҳо, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати таҳким бахшидани муносибот ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, идоракунии захираҳои обӣ, рушди саноати сабук ва нассоҷӣ, ҳамкорӣ дар самтҳои рушди МОИ, СУС ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ изҳор намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное