Навиди Вазорат



Таҷлили Рӯзи иқтисодчиён дар Вазорат

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бахшида ба Рӯзи иқтисодчиёни ҷумҳурӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Вазорат ва кормандони Дастгоҳи марказӣ ширкат варзиданд.

Дар оғоз Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода кормандонро аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба иди касбиашон самимона табрику таҳният намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки рушди иқтисод – яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, аз фаъолияти пурсамари иқтисодчиён беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ вобастагии амиқ дорад.

Дар интиҳои ҷаласаи тантанавӣ як қатор кормандони Дастгоҳи марказӣ барои фаъолияти пурсамарашон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки 2 августи соли 2011 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйироту иловаҳо ворид карда шуд ва мутобиқи он минбаъд ҳамасола 8 апрел ҳамчун Рӯзи иқтисодчиёни кишвар қайд карда мешавад. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное