Навиди Вазорат



Вохӯрии Вазир бо Аймилиос Чатзиниклоаоус

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

9 марти соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазир, Неъматулло Ҳикматуллозода бо намояндаи Ташкилоти Байналмилалии Молиявӣ (IFC), ҷаноби Аймилиос Чатзиниколаоус баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи ҳадаф ва афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, аз қабили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки нерӯи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди шуғли пурмаҳсул мубодилаи афкори судманд намуданд.

Инчунин, ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ғайраро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳамаи самтҳои афзалиятдошта баён доштанд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное