Чорабинӣ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

12 январи соли 2017 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласа оид ба қабули пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Вазорат, инчунин намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.

 

Ҷаласаро Муовини Вазир, Гулрӯ Ҷабборзода ифтитоҳ намуда, афзуд, ки мақсади асосии Қатъномаи мазкур муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар қисмати об ва дигар ҳадафи марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқагардида мебошад. 

Аз ҷумла, зикр гардид, ки тибқи муқаррароти Қатънома кишварҳои узви СММ, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об баҳри тавсеаи ҳамкорию иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаҳову лоиҳаҳои соҳаи об талош варзанд.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони масъули Вазорат суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани Қатъномаи мазкур як платформаи муҳимро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи амалии ҳадафу вазифаҳои марбут ба оби ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки сармоя ва маблағгузорӣ дар соҳаи об, хусусан, барои рушди инфрасохтори об яке аз омилҳои асосии ҳалли масъалаҳои соҳаи об мебошад ва интизор меравад, ки қабул гардидани даҳсолаи нав ба ин раванд такони ҷиддӣ ва нерӯи тоза мебахшад.

Қобили тазаккур аст, ки қабули Қатъномаи нави Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 барои ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои марбут ба об мусоидат намуда, интизор меравад, ки дар доираи он шаҳри Душанбе боз мизбони чандин ҳамоишҳои бузурги ҷаҳонӣ бо иштироки сиёсатмадорону сармоягузорон ва олимону коршиносони ҷаҳонӣ гардад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное