Шарҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

5 январи соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказӣ оид ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 22 декабри соли 2016 чорабинӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ифтитоҳ намуда, иброз намуданд, ки Паёми навбатии Роҳбари давлат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамунсоз мо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдоро водор менамояд, ки аз тамоми таҷрибаву имконоти мавҷуда истифода бурда, иҷрои дастуру супоришҳои ба миёнгузоштаи Пешвои миллатро таъмин намоем.

Паёми Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлисӣ Олии мамлакат ҳуҷҷате мебошад, ки натанҳо натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро таҳлилу арзёбӣ менамояд, балки барои рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи кишвар такони тозае хоҳад бахшид ва дар назди мақомоти марбутаи кишвар ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ вазифагузориҳо намудааст, - таъкид гардид дар баромади Умед Давлатзод.

Сипас, роҷеъ ба нуктаҳои асосии Паёми Сарвари давлат оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, нақши ҷавонон дар ҷомеа, саҳми бонувон дар пешрафти соҳоти мухталиф кормандони дастгоҳи марказии Вазорат А.Нурализода, Т.Маликов, И.Қосимов, М.Одинаева, Д.Шарифӣ ва дигарон ибрози андеша намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное