Навиди Вазорат



Иштироки Вазир дар 2-юмин Саммити муколамаи ҳамкориҳои Осиё

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

8-10 октябри соли ҷорӣ Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар 2-юмин Саммити муколамаи ҳамкориҳои Осиё, ки дар шаҳри Банкоки Шоҳигарии Тайланд баргузор мегардад, иштирок намуд. Дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони зиёда аз 34 давлати Осиё, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Мақсади асосии Саммити мазкур баррасии масъалаҳо дар соҳаҳои илму маориф, рушди захираҳои инсонӣ, технологияву инноватсия, ҳамкориҳои мутақобила дар самти амнияти озуқаворӣ, энергетика ва об, фарҳанг, туризм, рушди фарогир ва устувор буд.

Дар ҷараёни чорабинии мазкур Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода суханронӣ намуда, саҳми Саммити муколамаи ҳамкориҳои Осиё дар рушди ҳамкориҳои мутақобила байни кишварҳои қитъаи Осиёро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное