Навиди Вазорат



Паёми Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Ҳамкорони арҷманд!

Иҷозат фармоед ҳамаи Шуморо бо камоли эҳтиром аз номи роҳбарияти Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва шахсан аз номи худам ба Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳар сол 5 октябр дар кишварамон таҷлил мегардад, самимона табрику таҳният намуда, дар фаъолияти кориатон пешравию комёбиҳо ва дар зиндагии шахсиатон бахту саодат орзу намоям.

Бояд гуфт, ки бо шарофати истиқлолияти кишвар, ки имрӯзҳо 25-солагии онро дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил намуда истодаем, забони тоҷикӣ ба забони коргузории идораҳои давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо табдил ёфт. Бо ин забони шевою гуворо дар таълимгоҳҳои миёнаву олӣ тадрис менамоянд, таҳқиқот мебаранд, асарҳои илмию адабӣ эҷод мекунанд ва дар ҷаласаю ҷамъомадҳои сатҳҳои гуногун то минбари Созмони Милали Муттаҳид забони ноби тоҷикӣ садо медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизиониашон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар мавриди коргузории забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ ва риояи ҳатмии он чунин таъкид намуданд: «Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат аст. Бинобар ин, саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Зеро тавре ки таъкид карда будам, «забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст».

Хушбахтона, дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати корбарӣ ба забони давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад ва дар самти риояи ҳатмии он Комиссияи татбиқи Қонуни забони давлатӣ фаъолияташро васеъ ба роҳ мондааст. Кормандони Вазорат саъю кӯшиш доранд, ки дар рушди нумуи забони миллӣ ва баланд бардоштани мавқею мартабаи он саҳми назарраси худро гузоранд.

Дар ин рӯзи фархунда бори дигар Шумо - кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва муассисаҳои тобеъро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрик гуфта, хушбахту саодатмандӣ ва сарфарозию сарбаландиатонро таманно дорам.

Ҷашни забони давлатӣ муборак бошад, ҳамкорони арҷманд!

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное