Навиди Вазорат



Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҳафтумин Намоишгоҳи иқтидори содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон

.

  

28 апрел дар шаҳри Теҳрон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар Ҳафтумин Намоишгоҳи иқтидори содиротии Ҷумҳурии Исломии Эрон (Iran Expo 2025) иштирок намуд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкян зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳ иброз дошт, ки Эрон заминаи муносиб барои сармоягузорӣ ва тиҷорат мебошад ва гуфт: «Мо аз ҳузури сармоягузорони хориҷӣ ва соҳибкорони байналмилалӣ ҷиҳати фаъолияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ дар кишварамон истиқбол менамоем».

Намоишгоҳи ҳафтум – Iran Expo, ки бузургтарин ва муҳимтарин чорабинии содиротӣ барои робита бо бозорҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, то 2 май идома меёбад ва дар он намояндагони ширкатҳо аз беш аз сад кишвари ҷаҳон иштирок доранд.

https://egov.tj/site/industry/press/news/details/1105?lang=ru