Навиди Вазорат



Дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии Тоҷикистон “Занҳои ихтироъкор–2025” баргузор гардид

.

  

Дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалигардонии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон вобаста ба рушди сармояи зеҳнӣ, ташаккули иқтисоди ба дониш ва навоварӣ асосёфта, рушди ҳамаҷонибаи фаъолияти ихтироъкорӣ байни ҷавонону наврасон ироа намуданд, санаи 29 апрели соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми байналмилалии Тоҷикистон “Занҳои ихтироъкор – 2025” бахшида ба 26-уми апрел “Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ” баргузор гардид.

Форуми байналмилалии ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханронии Муовини Сарвазир Мансурӣ Дилрабо Сайдулло оғоз ёфт.

Инчунин дар чорабинии мазкур муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Нуриддинзода А. Н., Президенти Идораи патентии Авруосиёии Ташкилоти патентии Авруосиё Ивлиев Г. П., Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила, Директори илмии Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсияи Россия, муовини Кумита оид ба ҳуқуқи моликияти зеҳнии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон, ноиби Президенти лигаи занони ихтироъкор ва соҳибкорони технологии Авруосиё, муовини раиси Лигаи занони Ҷамъияти ихтироъкорон ва ратсионализаторҳои умумирусиягӣ, инчунин мутахасисону ихтироъкорони хориҷӣ, намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои илмию таълимӣ, олимони соҳавӣ, ихтироъкорону навоварон, соҳибкорон ва молистеҳсолкунандагони ватанӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мақсади асосии Форум ин мусоидат ба рушди ихтироъкорӣ ва ҳавасмандгардонии занони ихтироъкори минтақаи Авруосиё, татбиқи ихтироъ дар истеҳсолот, рушди нерӯи инсонӣ, дарёфти механизми дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ихтироъкорон ва навоварон мебошад.

Дар доираи Форум маросими қадрдонии занон ва ихтироъкорони фаъоли кишвар барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ доир гардид.

Ҳамзамон тибқи барномаи Форум бахшҳо дар мавзӯъҳои “Нақши занон дар рушди инноватсия” ва “Вазифаи занон: таҷрибаи ҷаҳонӣ ва дурнамои рушд” доир карда шуд.