Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 211


Мулоқоти Вазир бо Сафири Қазоқистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Баррасии ҳамкориҳои самарбахши иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон мавзӯи асосии мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Душанбе ҷаноби А. Смагулов гардид, ки имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо баргузор гашт.

В ходе встречи были обсуждены вопросы развития торгово-экономических отношений между Республикой Таджикистан и Республикой Казахстан.

Ҷонибҳо азми худро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баён доштанд. Аз ҷумла, Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон қайд намуд, ки дар минтақаҳои гуногуни ин кишвар анборҳои нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сохта мешаванд, ки барои афзун намудани иқтидори содиротии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.  Сафир изҳори боварӣ намуд, ки ҷониби Тоҷикистон интиқоли васеи меваю сабзавотро барои нигаҳдорӣ дар ин анборҳо ва минбаъда фурӯши онҳо чӣ дар бозори дохилии Қазоқистон ва чӣ берун аз ҳудуди он таъмин хоҳад кард.

Вазири рушди иқтисод ва савдо иброз дошт, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ дар гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон тамоюли рушдро касб намудааст. Ҳамчунин, бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷиҳати гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи сеюм қарор дорад. Қазоқистон таҳвилкунандаи асосии орд, гандум, гази моеъ, равғани растанӣ ва маҳсулоти дигари ҳаётан муҳим ба кишвари мо маҳсуб меёбад.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное