Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи сеюми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

8-уми декабри соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи сеюми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ таҳти роҳбарии Раиси Шӯро-Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва бо иштироки аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳо, инчунин шарикони рушд баргузор гардид. 

Ҷаласаро Раиси Шӯро-Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, сипас аъзои Шӯро роҷеъ ба масъалаҳои мавриди назар гузориш доданд.

Дар оғоз гузориши муовини Раиси Шӯро-Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Қодири Қосим оид ба рафти иҷрои банди 2 Протоколи ҷаласаи дуюми Шӯро аз 15 майи соли 2015 шунида шуд.

Ҳамин тариқ, аъзои Шӯро, Вазири рушди иқтисод ва савдо, Неъматулло Ҳикматуллозода оид ба лоиҳаҳо дар МОИ «Суғд»- барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ, сохтмони хатти роҳи оҳан, сохтмони инфрасохтори аввалия; Вазири нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ бошад оид ба лоиҳаи сохтмони Маркази нақлиётию логистикӣ дар шаҳри Турсунзода ва намояндагони вазоратҳои энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вобаста ба лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ва дигар дарёҳо, сохтмони хатти интиқоли барқ ба МОИ «Данғара», асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи таҷдид ва идоранамоии кӯдакистони №133 ш.Душанбе, инчунин оид ба лоиҳаи таъсиси Маркази таҳсилоти симулятсионии тиббӣ гузориш доданд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба масъулин ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное