Навиди Вазорат



Баргузории ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 дар Вазорати рушди иқтисод ва сав

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

13 марти соли 2024 тибқи талаботи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №78-ф дар вазорат муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рудакӣ ва Сангвор дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 бо роҳбарии Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло баргузор гардид.

 

Восидиён Ф. С. қайд намуд, ки мақсад аз баргузории ҷаласа иҷрои сифатноки муқаррароти фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2023, №78-ф, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2024 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз мебошад.

Аз ҷониби Восидиён Ф. С. ба намояндагони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои қайдгардида тавсия дода шуд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо барои соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 ба иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои муаззами миллат, ки ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намудаанд, инчунин муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва дигар барномаҳои соҳавию минтақавӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.

Дар рафти ҷаласа аз ҷониби Муовини Раиси ноҳияи Рудакӣ – Қосимзода С., Муовини якуми Раиси ноҳияи Сангвор – Муҳамадизода М., намояндаҳои вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2025 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2026-2027 муаррифӣ карда шуд.

Баъд аз баррасии нишондиҳандаҳои пешниҳодгардидаи шаҳру ноҳияҳои мазкур барои расидан ба ҳадафҳои олии кишвар қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида рӯзи 18 марти соли 2024 муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об ва нақлиёт пешбинӣ гардидааст.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное