Навиди Вазорат



Дар ҷаласаи 4- уми Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо масъалаи густариши ҳамкориҳо ва маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок муҳокима гардид.

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

12 марти соли 2024 таҳти ҳамраисии муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой Абдувоҳид ва Сафир, Намояндагии ИА дар Тоҷикистон - Раймундас Кароблис ва Сардори шӯъбаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ, Директори генералӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушд, Комиссияи Аврупо ҷаласаи 4 - уми Зеркумитаи рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа Солеҳзода А. А. қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро шарики рушди боэътимод ва муҳим барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар меҳисобад.

Дар соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии мутақобила бо Иттиҳоди Аврупо 401,5 миллион долларро ташкил дод.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла тиҷорату иқтисод, саноату сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун, иқтисоди “сабз”, рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони НБО Роғун, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуданд.

Солеҳзода А. А. оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои қайдгардида мухтассар маълумот дода, аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дархост ба амал овард, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи сабз, бахусус сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.

Дар навбати худ Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки дар доираи марҳилаи аввали Барномаи индикативии Иттиҳоди Арупо барои солҳои 2021- 2024-ум 91 миллион евро барои самтҳои афзалиятноки Тоҷикистон равона гардида, лоиҳаҳо татбиқ шуда истодаанд. Инчунин вобаста ба манфиатҳои бузурги иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологии НБО “Роғун” барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақа маълумоти муфассал пешниҳод гардида, аз Иттиҳоди Аврупо даъват карда шуд, ки барои сохтмони ин иншооти бузург маблағ ҷудо намояд. Ҳамзамон дар рафти ҷаласаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки лоиҳаи нави Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои солҳои 2024-2027 дар ҳолати таҳия қарор дорад ва ҳаҷми маблағгузории он соли 2024 муайян карда мешавад.

Инчунин ҷониби Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки ба соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи умумии 45 млн.евро грант ҷудо намуда, дар оянда низ татбиқи лоиҳаҳои афалиятнокро пешбинӣ менмояд.

Дар анҷоми ҷаласаи Зеркумита ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида изҳор намуданд.

 

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное