Навиди Вазорат



Ҳамоиш таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

  

30 октябри соли 2023 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва кормандони дастгоҳи марказӣ ҳамоиш таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» - омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ баҳри татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» баргузор гардид.

Ҳамоишро Восидиён Ф. С. бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии ҷашнҳои дар пешистода Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи парчами давлатӣ табрику таҳният намуда, тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро бисёр муҳим арзёбӣ намуд.

Инчунин Абдулло Раҳмонзода вобаста ба зарурати қабули ин қонун, ҳадаф, принсипҳо ва самтҳои тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, зиракии сиёсӣ, пешгирии ҷинояту қонуншиканиҳо ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми ҳамоиш барои фаъолияти арзанда ва судманд ба чанде аз кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное