Навиди Вазорат



Баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе-2023

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе - 2023 панели “Рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Чорабинӣ 29 сентябри соли 2023 дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” гузаронида шуд, ки дар кори он меҳмонон аз кишварҳои гуногун ширкат варзиданд.

Дар кори панел муаррифии Стратегияи рушди иқтисоди “сабз”, рушди иститутсионалии иқтисоди рақамӣ, рақамикунонии хизматрасонии бонкӣ дар низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ муаррифӣ гардид. Ҳамзамон дар кори панел маърузаҳо аз ҷониби намояндагони кишварҳои хориҷӣ дар самти таҷрибаи муваффақи рақамикунонӣ шунида шуд.

Мақсад аз баргузории панел ташкили шароити мусоид барои муколама ва шиносоӣ аз таҷрибаи пешқадам, густариши ҳамкориҳо байни мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва сармоягузорони хориҷӣ мебошад.

Инчунин, дар фарҷоми панели мазкур чор санади ҳамкорӣ дар ҳаҷми 51 млн. доллар байни маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сармоягузорони хориҷию ватанӣ ба имзо расонида шуд.

Маълумоти муффасал оид ба санадҳои қайдгардида дар саҳифаҳои интернетии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар оварда шудааст

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное