Навиди Вазорат



Байни вазирони иқтисоду тиҷорати Тоҷикистон ва Қатар густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардид

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Дар ҳошияи ҷаласаи чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию техникӣ вохурии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад Оли Сонӣ баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба тақвияти робитаҳои дуҷониба дар самтҳои сармоягузорӣ, иқтисодиёт, тиҷорат, саноат баррасӣ гардида, аз ҷониби Завқизода З. А. лоиҳаҳои сармоягузории мушаххас пешниҳод карда шуданд.  

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати иҷрои супориши роҳбарони ҳарду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Аълоҳазрат муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои протоколи ҷаласаи Комиссия корҳои мушаххасро амалӣ менамоянд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное