Навиди Вазорат



Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хафвҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

25 сентябри соли 2023 бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии доимоамалкунанда оид ба ҳамоҳангсозии амалишавии сиёсати макроиқтисодӣ ва пешгирии таъсири хафвҳои эҳтимолӣ ба иқтисодиёти миллӣ (зинаи дуюм) таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. А. баргузор гардид.

Дар ҷаласа масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони тахассуснок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Доир ба масъалаи мазкур муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулзода Зиёдулло Назар пешниҳод намуд.

Ҳамзамон дар муҳокимаронӣ Солеҳзода А. А.-муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо, Восидиён Ф. С.-муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо, Содиқзода Х.-муовини якуми Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Файзуллозода Ф.-сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Мералӣ Б.-сардори Раёсати таҳлили Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Аз натиҷаи ҷаласаи Ситод вобаста ба масъалаи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таъминоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорони тахассуснок қарорҳои дахлдор қабул гардида ва барои дастури минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш ирсол карда мешавад.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное