Навиди Вазорат



Вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муовини ёвари мудир оид ба мсъалаҳои Осиёи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (USAID)

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

1 сентябри соли 2023 вохӯрии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой бо Муовини ёвари мудир оид ба мсъалаҳои Осиёи Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (USAID) Анҷали Каур баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба лоиҳаҳои татбиқшаванда, ки аз ҷониби Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (USAID) маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла, тиҷорат дар Осиёи Марказӣ, Лоиҳаи CASA-1000, ташаббуси рушди оянда, таъмини оби деҳот, фаъолияти пурзӯр намудани иқтидори идоракунии захираҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ҳифзи солимии модар ва кӯдак ва барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд. Ҳ

амзамон аз ҷониби USAID ҷиҳати мусоидат барои маблағгузории ҳадафҳои стратегии кишвар ва арзёбии раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, аз ҷумла татбиқи «Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии сармоягузорӣ барои соли 2021» ва мустаҳкамгардонии сарҳадот дархост гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои қайдгардида баён намуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное