Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо бо муовини Раиси Бонки АвруОсиёи Рушд масъалаи ҷоннок кардани ҳамкории сармоягузориро муҳокима намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

25 июли соли 2023 вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо, Мудири кишварии Бонки Авруосиёи Рушд (БАОР) аз Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо муовини Раиси БАОР Илин Денис Вячеславович баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд кард, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамкориҳо бо шарикони рушд, аз ҷумла бо БАОР барои таъмини рушди иқтисоди миллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва БАОР, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар робита ба ин Завқизода З.А. аз муовини Раиси БАОР дархост намуд, ки маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ зиёд карда шаванд.

 

Дар навбати худ Илин Д. В. омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида баён намуда, ҷонибҳо итминон доданд, ки сандуқи сармоягузории Бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 3 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк то охири соли ҷорӣ афзоиш медиҳанд.

Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби БАОР ва сохторҳои он 13 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 млн. доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаҳои грантию имтиёзноки Хазинаи АвруОсиёи Устуворӣ ва Рушди БАОР ба маблағи 215 млн. доллар ва 6 лоиҳаи худи Бонк ба маблағи 51,4 млн. доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное