Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдо Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастовардҳои Ҳадафҳои рушди устувори кишварро дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ намуд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

19 июли соли 2023 Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавзӯи «Рушди сабз барои ояндаи дурахшони устувор ва фарогир» дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк муаррифӣ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли СММ дувумин Шарҳи ихтиёрии миллии худро ҷиҳати муаррифии дастовардҳо оид ба татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор пешниҳод кард (рӯнамо ва сабти видеои Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон замима мегардад).

Қайд гардид, ки Тоҷикистон дар давоми солҳои 2016-2022 дар татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз рӯи баҳогузориҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 70 фоизи ҲРУ ва баъзе нишондиҳандаҳои онҳоро беш аз 90 фоиз иҷро намудааст.

Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ, бахусус шиддат ёфтани бархӯрдҳои геосиёсӣ, таҳримҳо, низоъҳои тиҷоратӣ, паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба иқтисоди кишварҳои ҷаҳон, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, даромади аҳолӣ 2,1 баробар, музди миёнаи меҳнат 1,5 баробар ва андозаи нафақа 1,3 баробар афзоиш ёфтанд.

Чунин баён карда шуд, ки Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии об ва иқлим пешсаф буда, ташаббуси 5 - уми глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба эълон намудани соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март ҳамчун рӯзи Байналмилалии ҳифзи пиряхҳо якдилона бо қатъномаи Ассамблеяи генералӣ қабул гардид.

Зикр гардид, ки Тоҷикистон манбаи беш аз 60% захираҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ буда, 98%-и неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Айни ҳол Тоҷикистон аз рӯи истифодаи «энергияи сабз» дар ҷаҳон мавқеи шашумро ишғол мекунад. Бо бунёд ва пурра ба фаъолият оғоз намудани НБО “Роғун” мавқеи Тоҷикистон аз рӯи истеҳсоли «энергияи сабз» дар ҷаҳон ба зинаи чорум хоҳад расид. Ҳамзамон Тоҷикистон ба қатори кишварҳои дорои ҳиссаи ночизи партовҳои газҳои гулхонаӣ дохил мешавад.

Тоҷикистон кишвари ҷавон буда, зиёда аз 70 фоизи аҳолиашро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин радиф дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди кишвар 3420 муассисаи таълимӣ ва 2827 муассисаи тиббӣ сохта шуд, ки дастрасиро ба таҳсилоти босифат ва тандурустӣ ба таври назаррас беҳтар гардонид.

Дар ин давра суръати миёнасолонаи афзоиши фонди манзилӣ ҳатто аз суръати афзоиши шумораи аҳолии кишвар баланд шуда, дастрасӣ ба хизматрасонии оби нӯшокӣ аз 76 фоиз то 82 фоиз зиёд шуд.

Дар панҷ соли охир фавти модарон ва кӯдакон мутаносибан  70% ва 36% коҳиш ёфта, шумораи гирифторони бақайдигирифташудаи бемории сил ва сироятёфтагони вируси норасогии масъунияти одам (ВНМО) мувофиқан 26 ва 19,5 фоиз кам гардид.

Ҷиҳати таъсиси низоми боэътимоди ҳифзи иҷтимоӣ Барномаи кӯмаки мақсадноки иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, Феҳристи ягонаи миллии иттилоотии оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюб ташкил шуд ва барои дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ беш аз 19 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2000 МВт иқтидорҳои иловагии барқӣ сохта ба истифода дода шудаанд, ки дастрасии аҳолии деҳотро ба неруи барқ то 98% дар соли 2022 расонида, камбизоатии энергетикиро коҳиш дод. Тибқи арзёбии ҷаҳонии энергетикӣ World Energy Trillema, Тоҷикистон аз лиҳози амнияти энергетикӣ ба рӯйхати 10 кишвари пешсаф  шомил гардид.

Дар давоми соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таъмини саноатикунонии босуръат ва рушди инфрасохтори кишвар 2400 км роҳ, 326 пул, 6 нақби автомобилгард,  219 км роҳи оҳан сохта ба истифода дода шуд.

Бо мақсади таъмини рушди устувори кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва мутобиқ ба тағйирёбии иқлим ва стандартҳои байналмилалии таҷрибаи пешқадами кишоварзӣ “GAP” роҳандозӣ карда шуд.

Амалӣ гардонидани чунин тадбирҳо имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ  аз 31% дар соли 2015 то 22,5% дар соли 2022 коҳиш дода шавад.

Вазири рушди иқтисод ва савдо таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарҳи дуюми ихтиёрии миллиро дар давраи буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ, озуқаворӣ ва энергетикӣ, паёмадҳои COVID-19 ва тағйирёбии иқлим омода кард, ки барои ноил шудан ба ҳРУ таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамоянд.  Дар чунин шароит нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди иҷтимоӣ, амнияти сарҳадӣ ва рафъи оқибатҳои ногузири тағйирёбии ҷаҳонии иқлим вазифаҳои афзалиятнок мебошанд.

Дар анҷом итминон карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устуворро барои давраи то соли 2030  дар заминаи фарогирӣ бо риояи принсипи “Касеро дар канор нагузоштан” ва навовариҳо идома медиҳад. Дар ин радиф ҷиҳати  расидан ба ҲРУ дастгирии молиявию техникии шарикони рушд дар ҳама ҷанбаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ нақши калидӣ дорад.

Дар чорабинӣ аз ҷониби намояндагони кишварҳои аъзои СММ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор саволҳо дода шуданд, ки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо посухҳои мушаххас дод.

Қайд бояд кард, ки аъзои ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз роҳбари ҳайат Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода З. А., Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлими Олӣ Ализода З., Намояндаи доимӣ дар СММ Ҷонибек Ҳикмат, муовини вазири молия Қурбониён С., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ҳабибзода Ф., муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқаддасзода Ф., Референти калони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода М., сармутахассиси Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдувориси В., Сардори Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдо Мадҷон М., Котиби якуми Раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ Рамазонов Б. ва Роҳбари  маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” Абдуллозода М. иборат буд.

Шарҳи ихтиёрии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (линки рӯнамо)

  

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное