Навиди Вазорат



Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ду кишвар чораандешӣ менамоянд

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

7 июли соли 2023 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон Микаил Джаббаров баргузор гардид.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев ҳамкориҳои дуҷониба пайваст рушд ёфта, ба сатҳи баланди шарикии боэътимод баромаданд.

Дар рафти мулоқот ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президентҳои ҳарду кишвар ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самтҳои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интиқоли нафти хом аз Озарбойҷон барои эҳтиёҷоти корхонаи коркарди нафти МОИ “Данғара”, ҷалби сармоя барои азнавсозии ҶСК “Ширкати Алюминийи тоҷик”, содироти алюминий, криолит ва фториди алюминий аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон, воридоти гилхок аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пешниҳоди тахфифҳои боркашонӣ тавассути роҳи оҳан, рушди сайёҳӣ, корҳои ҷустуҷуиву иктишофии конҳои зеризаминии Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба лоиҳаҳои мушаххас татбиқ менамоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ омодагӣ изҳор карданд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное