Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Ҷаласаи нахустини Гурӯҳи корӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

15 апрели соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳти раёсати муовини якуми Вазир Саидраҳмон Назриев ҷаласаи нахустини васеи Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ аз рӯи уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳони савдо баргузор гардид. 

Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва бахши хусусӣ иштирок карданд. Тибқи қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 октябри 2014, №691 «Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти ҶТ вобаста ба узвият ба Созмони умумиҷаҳони савдо» қабул шуда буд.

Мақсади асосии қарори мазкур муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна, тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои аъзои СУС, таъмини афзалиятҳои узвият ба СУС барои доираи васеи тоҷирон мебошад. Барномаи зикршуда ба коҳиш додани сатҳи бекорӣ бо роҳи пешниҳоди шароитҳои мусоид барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволи сокинони кишвар равона шудааст.

Чорабинии мазкур дар асоси Созишномаи дуҷониба байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи минтақавии «Аврупои фарох: Мусоидати савдо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ» ташкил карда шуд.

Дар доираи ташаббуси мазкур БР СММ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мутахассисони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуда, саъю кӯшишро ҷиҳати ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории шарикон дар татбиқи уҳдадориҳои ҶТ дар назди СУС дастгирӣ менамояд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное