Навиди Вазорат



Ифтитоҳи як қатор иншоотҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар ноҳияи Панҷ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Рузи 1 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Панҷ ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари кории муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба ноҳияи Панҷ аз ҷониби Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин ва Раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхуҷа Фақер бо иштироки роҳбарияти вилояти Хатлон ва вазорату идораҳои дахлдор як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ифтитоҳ гардиданд.

Аз ҷумла корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ баъди насби таҷҳизоту технологияҳои наву замонавӣ барои 12 ҷойи корӣ, корхонаи дузандагӣ барои 30 ҷойи корӣ, маркази ҷавонон дар ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ, ба истифода додани 5 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таълимии №19 дар деҳаи Шакардашти деҳоти Нури Ваҳдат, ба истифода додани 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №26 дар деҳаи 10-солагии Ваҳдат ҷамоати деҳоти Намуна, Маркази савдо ва хизматрасонӣ воқеъ дар деҳаи Кулдимони ҷамоати деҳоти Меҳвар ва бинои нави Муассисаи таълимии №51 барои 400 ҷойи нишаст дар ду баст дар мавзеи Сомонӣ-4 ҷамоати деҳоти Намуна ифтитоҳ гардиданд.

Завқизода З. А. қайд намуд, ки ҳамаи ин бо шарофати сиёсати созандаву бунёдкоронаи муҳтарам Ҷаноби Олӣ ба истифода дода шуданд, ки пеш аз ҳама барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳияи Панҷ мусоидат менамоянд.

 

 

 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное