Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Пешниҳоди қарзҳои хурди молиявӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

11 марти соли 2015 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар доираи Барномаи рушди низоми молиявӣ дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи маблағгузории манзил маросими имзои Созишнома оид ба пешниҳоди кумаки молиявӣ ва техникӣ ба бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон баргузор гардид. 

Созишномаи мазкурро аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва масъулини ташкилотҳои қарзии хурд имзо намуданд.

Дар маросими имзои Созишнома ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳолгер Грэн, роҳбари намояндагии Бонки олмонии рушд (KfW) дар Тоҷикистон хонум Кристин Лаабс, намояндагони бонк ва ташкилотҳои қарзии хурди Тоҷикистон ширкат варзиданд. Барномаҳои мазкур аз ҷониби Бонки олмонии рушд (KfW) дар доираи ҳамкории дуҷонибаи молиявӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад. Барнома аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намудани маблағи молиявиро ба ҳар кадом бонк ва ташкилоти қарзии хурд, ки интихоби пешакии дақиқро барои додани қарз бо асъори миллӣ гузаштаанд, пешбинӣ менамояд.

Ҳамчунин, ба институтҳои молиявие, ки дар барнома ширкат меварзанд, аз ҳисоби мушовирони AFC Consultants International ва Мактаби Франкфуртии молия ва менеҷмент кумаки техникӣ пешниҳод карда мешавад. Қарзҳои пешбинишуда дар доираи барномаи маблағгузории кишоварзӣ барои дастгирии лоиҳаҳои рушди соҳаи кишварзӣ, аз ҷумла дастрас намудани таҷҳизоти кишоварзӣ, бунёд кардани гармхонаҳо, кандани чоҳ, сохтмони иншоотҳои обёрӣ ва хоҷагиҳои моҳидорӣ дар маҳалҳои деҳот, ҳамчунин рушди корхонаҳои деҳот, ки ба истеҳсол, коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошанд, равона шудааст.

Тибқи барномаи маблағгузории манзил муассисаҳои молиявӣ маблағҳои қарзро барои қарздиҳии хоҷагиҳои шахсӣ дар деҳот барои харид, сохтмон, таъмири асосӣ ва васеъ кардани масоҳати манзил истифода мебаранд. Яке аз вижагиҳои асосии лоиҳаҳои мазкур кам будани фоизи қарзҳои муассисаҳои молиявӣ мебошад.

Ҳамаи қарзҳо тибқи барномаҳои мазкур аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии хурди ҷумҳурӣ, ба мисли Ҳумо, Арванд, Имон Интернешнл, Эсхата, Оксус ва Аввалин бонки молиявии хурд пешниҳод карда мешаванд.

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное