Навиди Вазорат

Ошибка
  • JUser: :_load: Не удалось загрузить пользователя с ID: 56


Омодагии Озарбойҷон барои сармоягузорӣ

.

Здесь новыешаблоны Joomla
креативные Joomla шаблоны.

Баррасии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Озарбойҷон аз мавзуъҳои асосии вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматулозода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон Аббосалӣ Ҳасанов маҳсуб меёфт, ки рӯзи 11 феврали соли ҷорӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир гардид. 

Ҳангоми мулоқот, ки бо ҳусни тафоҳум сурат гирифт, ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, махсусан дар соҳаҳои ҷалби сармоягузорӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, барқарор намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ байни Душанбе ва Боку, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ ва ғайра мубодилаи афкори судманд намуданд.

Дар интиҳои вохӯрӣ тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баён доштанд. 

Здесь новые шаблоны для dle
обзоры автоновинок kaps4karing.com
село ремонтное